Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ рафтанд

10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар намуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволӣ давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Search
Categories
Read More
Саволҳо ва Ҷавобҳо
Пул чист? Ва вазифаҳои пул
Пул ин воситаи пардохт буда, ба сифати эквиваленти умумии мол баромад мекунад, бо ёрии...
By Tojikiston Network 2024-10-18 06:47:11 0 2K
Ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ
Мурофиаи буҷетӣ
1. Тавсифи умумӣ ва хусусияти меъёрҳои мурофиавии буҷетӣ 2. Мафҳум, иштирокчиён ва принсипҳои...
Ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ
Танзими ҳуқуқии фаъолияти суғурта
1. Мафҳум ва асосҳои ҳуқуқии суғурта 2. Моҳият ва функсияҳои суғурта 3. Шакли суғурта 1. Мафҳум...
Ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ
Хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)
Дар сохтори субъектҳои соҳибкорӣ хоҷагиҳои дехқонӣ (фермерӣ), ки фаъолияти худро бе таъсиси...
Ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ
Намуди шартномаҳо дар бахши фаъолияти соҳибкорӣ
Ҳанӯз дар ибтидои асри ХХ шартномаҳоеро ҷудо менамуданд, ки дар соҳаи савдо баста шуда буданд. Аз...